ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Кормандони милитсия марди 40-сола, сокини кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Шаҳринавро боздошт намуданд, ки ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, муттаҳам мешавад.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 19-уми апрели соли 2020, тахминан соати 15:30 дар хонаи истиқоматии муттаҳам рух додааст.
Сохтмоне, ки поёнаш бо куштор анҷомид: коргарро ба қатл расонидаю пеши хона гӯр кардаанд
"Номбурда бо бародараш марди 41-сола, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст", - омадааст дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа, бародараш дар беморхона бистарӣ гардида, санаи 20-уми апрели соли 2020 ба ҳалокат расидааст.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.