ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ин ҳодиса 11-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати чори субҳ рух додааст.
“Марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 212 – и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш, зани 41-соларо бо истифода аз корди хоҷагӣ ба қафаси сина ва дигар узвҳои баданаш 8 маротиба зада, ба ҳалокат расонидааст. Баъдан, гумонбаршаванда худро барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур кардан дар дохили манзили истиқоматиаш бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”, - омадааст дар хабари Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Дар шарҳи қазияи мазкур як сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодиса дар деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент рух додааст.
Тафсилоти ВУД: куштори ҳамсар аз сӯи шавҳар барои майнӯшӣ
“Ҷасади фавтидагон баъд аз зуҳри 11 апрел ба хок супорида шуда, барои таҳқиқи ҳодиса беш аз 50 корманди мақомоти қудратӣ аз вилояту шаҳр ҳозир шудаанд. Фавтидагон соҳиби 1 духтари 18-сола ва 3 писари аз 2 то 7-сола будаанд. Ин мард 4 зан гирифта, аз зани якум як духтар, аз зани дуюму сеюм фарзанд надоштааст. Аз зани чорум, ки ба қатл расонд, 4 фарзанд дошт”, - гуфт ин манбаъ.