ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустам Эмомалӣ дар мусоҳиба бо нашрияи испании Espanol.Eurosport дар бораи нақшаҳои тими миллии футболи кишвар сухан гуфтааст.
Ӯ зимни мусоҳиба гуфтааст, ки ҳоло даста як ҳадафи асосӣ дорад – ин расидан ба қисми финалии Ҷоми ҷаҳон – 2026 мебошад.
Рустам Эмомалӣ таъкид кардааст, ки сатҳи футболи тоҷик аз ҳисоби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои рушд ба таври назаррас афзоиш меёбад.
Ин ба варзишгарони ҷавони боистеъдод, ки ба ин намуди варзиш меоянд, мусоидат мекунад. Масалан, соли гузашта дастаи мунтахаби наврасон тавонист ба Ҷоми Ҷаҳон-2019 роҳ ёбад.
Президенти ФФТ ҳамчунин дар хусуси ҷоизаи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) барои рушди футбол миёни ҷавонони кишвар ёдовар шуда, гуфтааст ин кор минбаъд низ идома хоҳад кард.
Ҳамзамон, ба гуфтаи Рустами Эмомалӣ, ҷавонон тадриҷан ба дастаи мунтахаби миллӣ мегузаранд, ки онҳоро шонси бозӣ дар Ҷоми Ҷаҳон мунтазир аст.
Роҳбари ФТТ гуфт, дар ҷумҳурӣ, барномаи дарозмуддати "Орзу- 2026" -ро таҳия кардаанд, ки дар доираи он аъзои тими миллиро барои ширкат дар Ҷоми Ҷаҳон интихоб хоҳад кард.
"Умедворем, ки ин насли тиллоӣ метавонад ба мо дар амалӣ шудани орзуҳоямон кумак мекунад", - гуфт ӯ дар мусоҳиба.
Рустами Эмомалӣ инчунин дар бораи муҳаббати махсуси тоҷикон ба футболи Испания, ки барои шаҳрвандон ва мухлисони оддӣ “манбаи илҳом аст”, гуфта, ҳамчунин аз мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони футболи ҷаҳон, махсусан испониҳо қарор гирифтани футболи тоҷик изҳори хушнудӣ кардааст.
Номбурда ҳамчунин навиштаҷоти таҳти унвони "Қавӣ бош Испания! Тоҷикистон дуогӯи туст!"-ро дар бозии “Истиқлол” ва “ССКА” , ки мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои испанӣ қарор гирифт, “як ишораи эҳсосӣ ва зебо” тавсиф кардааст.
“Вай яке аз муҳимтарин унсурҳои фарҳанги мо, яъне бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар замонҳои вазнин нишон дод. Ин коре, ки мо карда метавонем, камтарин аст ва умедворем, ки ҳама кишварҳо метавонанд аз ин вазъияти душвор зудтар раҳо шаванд",-гуфтааст Рустами Эмомалӣ.
Инчунин ӯ дар бораи вазъи имрӯзи футболи тоҷик иттилоъ дода, гуфтааст, ки ҳама бозиҳо бо риояи дастуроти Созмони ҷаҳонии беҳдошт сурат мегирад.