Футболи Тоҷикистонро мустақиман дар Урупо тамошо мекунанд

© © Sputnik / Амир ИсаевОтборочный матч между сборными Таджикистана и Японии на чемпионат мира по футболу 2022
Отборочный матч между сборными Таджикистана и Японии на чемпионат мира по футболу 2022 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон аллакай "Лестер"-и худро дорад. Бозии марказии даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи "Истиқлол"  ва "Хатлон"-ро расонаи машҳури испании «AS»  бо ин сарлавҳа шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ба сабаби манъ будани бозиҳои футбол дар кишварҳои Урупо дар робита бо паҳншавии коронавирус, мухлисони футбол рақобатҳои футболи Тоҷикистонро тамошо мекунанд. Зимнан, дар ин бозиҳо  бозингарони тоҷик ба онҳо паёму орзуи шифо мефиристанд. Дар ин бора  АМИТ "Ховар" бо истинод ба маълумоти шореҳи варзиши телевизион Бобоҷон  Холмуродзода хабар медиҳад.

Тоҷикистон аллакай "Лестер"-и худро дорад. Бозии марказии даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи "Истиқлол"  ва "Хатлон"-ро расонаи машҳури испании "AS"  бо ин сарлавҳа шарҳ додааст. Тавсифи дастаи футболи "Хатлон" аз ҷониби расонаҳои ҷаҳонро сармураббии ин даста Аслиддин Ҳабибуллоев имконияти хубе барои бозингарони ҷавони дастааш медонад.

Рустам Эмомали открыл новые поля для мини-футбола в Курган-Тюбе и Дангаре - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ вазорату идоранишинҳоро ба бозии футбол мебарорад

Ҳоло пахши мустақими бозиҳои Чемпионати футболи Тоҷикистонро шабакаҳои варзишии Испания, Сербия ва Украина расман харидаанд. Аз ин истифода бурда, дар оғози ҳар бозӣ футболбозони тоҷик ба кишварҳое, ки аз сирояти коронавирус ранҷ мекашанд, паём мефиристанд. "Футболи шумо моро рӯҳбаланд мекунад. Қавӣ бош, Испания!"-ин навиштаҷот дар атрофи майдон гузошта шудааст.

Дар даври гузашта ҳам, ки дастгирии бозингарони дастаи  «Истиқлол» ба аҳолии Испания буд, тахминан даҳ дақиқа баъд аз бозӣ бозингари маъруфи дастаи мунтахаби Испания Луис Гарсия дар саҳифаи «Инстаграм»-и худ миннатдориашро баён намуд. Рӯзномаву маҷаллаҳои испаниву сербӣ аз ин иқдом истиқбол карданд.

Дар баробари иқдоми Федератсияи футбол ва раҳбарияти дастаҳо бозингарон ҳам худро дар канор намегиранд. Онҳо бо ҳар роҳе талош мекунанд, афроди мубталои коронавирусро рӯҳбаланд созанд. Паёмҳои онҳо вокунишҳои мусбат меоранд. Масалан, мегӯянд: " Мебинем, чӣ тавр дар дигар давлатҳо футбол нест ва одамон аз хона баромада наметавонанд. Ин ҳолат моро ғамгин мекунад. Мо ҳамеша дуогӯи шумо ҳастем".

Легионерҳои футболи тоҷик, ки шумораашон дар дастаҳои Лигаи олӣ 42 нафар аст, мегӯянд, манъ нашудани чемпионати футбол дар Тоҷикистон онҳоро хушҳол кардааст. Годсон Куйе, легионер аз Гана, ки дарвозабони дастаи  футболи  «Хатлон»-и Бохтар аст, бо забони тоҷикӣ ва каме канда-канда ҳарф мезанад. Ӯ мегӯяд: "Дар Тоҷикистон коронавирус нест. Дар Аврупо, Франсия, Испания футбол нест. Дар ин ҷо футбол рафта истодааст. Ҳамаи одамон бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистонро тамошо мекунанд. Ин хуб аст".

Футбол. Лига чемпионов. Матч Спартак - Севилья - Sputnik Тоҷикистон
Футбол бидуни дастфишорӣ: тасмими УЕФА барои пешгирӣ аз коронавирус

Ба далели он ки дар ҳудуди Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, бозиҳои Лигаи олии мамлакат аз рӯи нақша баргузор мешаванд. Аммо бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳо дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон доир мегарданд. Ҳаводорони футбол бозиҳоро тариқи телевизион тамошо мекунанд.

Бозии даври сеюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи  "Истиқлол2-и Душанбе ва "Хатлон"-и Бохтар ҳам бо шиори «Қавӣ бошед, мардумони бародар! Мо барои шумо ва барои тамоми ҷаҳон дуогӯем», шурӯъ шуд.

Ҳамчунин барои дастгирии табибони тамоми ҷаҳон, ки муқобили пандемияи коронавирус мубориза мебаранд, дар минбари шимолии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ овезае бо навиштаҷоти "Шумо қаҳрамонони воқеии даврони моед" гузошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0