ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сардухтур оид ба корҳои табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун Аҳлиддин Бозоров, ба хабаргузаории АМИТ "Ховар" хабар додааст, ки ноболиғон Нигора Ҳомидова, соли таваллудаш 2010, Нозанин Ҳомидова, соли таваллудаш 2012, Басонат Ҳомидова, соли таваллудаш 2015 ва Рустамҷон Ҳомидов, соли таваллудаш 2018 санаи 14 апрел, ба шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ бистарӣ шуданд.
Вай афзуд, барои наҷоти онҳо мутахассисон аз шаҳри Душанбе ва маркази вилоят даъват карда шуданд. Вале новобаста аз кӯшишу талошҳои духтурон аз 17 то 19 апрел Нигора, Нозанин ва Рустамҷон вафот намуданд.
Аҳлиддин Бозоров, ҳамчунин қайд кардааст, ки ноболиғон бегоҳии 13 апрел занбурӯғ чида, аз модарашон хоҳиш мекунанд, ки ба онҳо бирён карда диҳад.
"Ба гуфтаи модари кӯдакон, шавҳараш зуд –зуд занбурӯғ чида меовард, аз ин рӯ модар фикр мекунад, ки ин занбурӯғҳо аз ҳамон навъест, ки қаблан шавҳараш меовард. Баъди бирён карда ба кӯдакон хӯрондан Басонат як соат пас қайд карда, аз дилбеҳузурӣ шикоят мекунад. Дар Нигора, Нозанин ва Рустамҷон нишонаҳои дилбеҳузурӣ соати 3-и шаб мушоҳида мешаванд ва онҳо 14 апрел ба беморхона расонида мешаванд", -зикр кардааст Аҳлиддин Бозоров.