Фавти кӯдаки сесола баъди афтидан ба ҷуйбор ва ҳушдори Кумита ба волидон

CC0 / Pixabay / Photorama / Детские туфли в воде, архивное фото
Детские туфли в воде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи деҳаи Арбобхотун Рӯдакӣ як кӯдаки сесола аз беназоратии волидон баъди афтидан ба ҷуйбор ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш бо Абубакри сесола, 15-уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати Чортеппаи деҳаи Арбобхотун рух додааст.

Окно - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдак аз ошёнаи 5 сарозер шуд ва зинда монд - навор

Ба иттилои манбаъ, Абубакри сесола аз беназаратии волидон ва беэҳтиётӣ дар ҷӯйбори назди хонаашон афтода, ба ҳалокат мерасад. 

“Тахминан баъд аз 20 дақиқа ҷасади тифл аз тарафи хешу таборонаш аз дохили қубури обгузари назди хонаашон пайдо карда шуд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ҷӯйборе, ки шояд бар асари борони шадид пур аз об шуд ва ҷасади беҷони ӯро дар дохили қубури обгузар пайдо карданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражаднии назди Тоҷикистон ба волидон ҳушдор додааст, ки ҳамеша фарзандони хурдсоли худро зери назорат дошта бошед. Оқибати беназоратӣ метавонад фоҷеабор бошад!

Лентаи хабарҳо
0