Президент хост, ҷарима зиёд карда шавад: нигаронӣ аз бархе мансабдорон, муллоҳо ва тоҷирон

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки ҳаҷми ҷарима дар кишвар барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо боло бурда шавад

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳанӯз ҳам баъзан шахсони мансабдор, соҳибкорон, ходимони дин ва бархе модарону бонувон  ба зиёдаравӣ, исрофкорию зоҳирпарастӣ ва ташкили маъракаҳои беҳудаву зиёдатӣ роҳ медиҳанд.

Праздничный дастархан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
“Аз даъвати сароянда то домодталбонӣ”: ҷаримаи сокинони оддию ҳушдор ба мансабдорон

Ӯ бо зикри ин нукта дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард, ки ҳаҷми ҷарима барои нақзи қонуни танзим зиёд карда шавад.

“Бо истифода аз минбари мақоми олии қонунгузор пешниҳод менамоям, ки сохтору мақомоти дахлдор доир ба пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ, яъне баланд бардоштани меъёри ҷарима барои вайрон кардани талаботи қонуни зикршуда чораҷӯӣ намоянд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони Ҳукумат дар маҳалҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулон ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ, фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои риояи муқаррароти қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон”  тадбирҳои қатъии иловагӣ андешанд.

Лентаи хабарҳо
0