“Аз даъвати сароянда то домодталбонӣ”: ҷаримаи сокинони оддию ҳушдор ба мансабдорон

© Sputnik / Амир ИсаевПраздничный дастархан в Душанбе
Праздничный дастархан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони Ожонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар як ҷаласа раванди татбиқи Қонун Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ ва чораҳои пешгирикунандаи қонунвайронкунӣ миёни сокинони оддӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Шоира Муттаваллиён, сардори шӯъбаи пешгирии коррупсия дар Суғд, таъкид кард, ки баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ" гузаронидани туйю маъракаҳо то андозае камхарҷ гардид, вале ҳамоно мавридҳое дида мешавад, ки шуморе аз сокинон бархилофи қонуни мазкур амал мекунанд.

Букет цветов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парванда алайҳи падар барои духтартӯй дар Турсунзода: ду бор зиёфат додааст

Сардори шӯъбаи пешгирии коррупсия афзуд, фарзи мисол бидуни шартнома бо сарояндаҳо баргузор кардани тӯйи арӯсию домодӣ, бо баҳонаи шаби эъҷодӣ гузаронидани туй, ё доир намудани маросими домодталбон ва бо ширкати зиёди меҳмонон таҷлил кардани ҷашни зодрӯз аз қонунвайронкуниҳоянд, ки масъулин дар пайи гузаронидани рейд дар маъракаҳои сокинон дар Суғд ошкор кардаанд.

"Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон моддаи 10-и Қонун, ки баргузории тӯйи домодию арӯсиро дар як рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва ҳам додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб муайян шудааст, риоя намешавад", - зикр намуд Мутаваллиён.

Арӯсиҳои замони коронавирус: бӯсуканор тариқи ниқоб - Акс

Бино ба иттилоъи шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Суғд, давоми се моҳи соли ҷорӣ 51 мавриди қонунвайронкунӣ аз сӯи сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба қайд гирифта шудааст.

Васлибек Назриён, нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсия дар Суғд гуфт, дар сурати содир кардани чунин қабил қонуншиканиҳо аз сӯи афроди мансабдор, боис ба сабукдӯш шудан аз вазифаи давлатӣ ва боқӣ мондани доғи судие мегардад, ки он ба кору вазифаи фарзандону пайвандони онҳо бетаъсир намемонад. 

"Як амали ноҷои коррупсионӣ тақдири шумо ва фарзандони шуморо ҳал мекунад. Дар вақти таъини вазифаи фарзандатон ва ё ягон пайвандонатон, доғи судии содиркардаи шумо бетаъсир намемонад", - таъкид намуд Назриён.

Мақомоти Раёсати мубориза бо коррупсия мегуянд, дар нисбати шахсони мансабдор талаботи иҷрои ин Қонун сахтар нигаронида шудааст ва ба ҳамин хотир масъулини ҳамаи соҳаҳоро зарур аст, ки аз панҷаи қонун пой берун наниҳанд.

Масъулони шуъба оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Суғд мегуянд, сар аз соли 2019 ба ин тараф дар шаҳру навоҳии вилоят ҳолатҳои вайронкунии талаботи Қонуни танзим аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0