Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Вазорати тандурустӣ аз аҳамияти иммунизатсия дар пасманзари COVID-19 гуфт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкВакцинация , архивное фото
Вакцинация , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
COVID-19 бори дигар мардуми дунёро водор месозад, ки аҳамияти иммунизатсияро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ  дарк намуда, аз он бетараф набошанд, мегӯянд масъулини Вазорати тандурустӣ

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика"-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба муносибати оғози Ҳафтаи урупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, мудирон ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Олими тоҷик : Вазорати тандурустӣ барои пешгирии CОVID-19 бояд "хун" ҷамъоварӣ кунад

Аз 20 то 26 апрели соли 2020 давлатҳои Бюрои минтақавии урупоии Ташкилоти ҷаҳонии беҳдошт "Ҳафтаи аврупои иммунизатсия"-ро (ҲАИ) ҷашн мегиранд.

Мавзӯъи имсолаи Ҳафтаи аврупоии иммунизастсия "Соли байналмилалии хизматрасонии ҳамшираҳои тиб ва момодояҳо" мебошад, ки он аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  эълон карда шудааст.

Барномаи рушди СММ ба марказҳои иммунопрофилактикаи ноҳияҳо панҷ мошин тақдим кард

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, мақсади асосии иқдоми мазкур баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

"Иммунизатсия – ин сармоягузорӣ ба солимӣ ва некӯаҳволии кӯдакон дар давоми ҳаёташон мебошад. Бо шарофати ваксинаҳо аксари кӯдакон ва калонсолон дар минтақаи Урупоии СҶБ бар зидди бемориҳои сурхча, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ таъсирнопазир мебошанд. Илова бар ин, теъдоди нафарони хоҳишманд барои иммунизатсия гирифтан бар зидди сирояти пневмококӣ, вируси папилломаи одам ва вируси гепатити «В»  рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст, зеро онҳо аллакай оризаҳои вазнини ин бемориҳоро дарк мекунанд ва намехоҳанд, ки ба чунин бемориҳо гирифтор шаванд,- гуфт Саида Умарзода.

Дар нишаст зикр гардида, ки новобаста ба он, ки дар самти коҳиш додани хатари паҳншавии бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда  корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, то ҳол аксари кӯдакон аз муҳофизате, ки ваксинаҳо таъмин мекунанд, баҳра намебаранд.

Таъкид гардид, ки мушкилоте, ки имрӯз аҳли ҷомеаро нигарон кардааст, ин бемории сироятии коронавирус ё худ COVID-19 мебошад. Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада, яъне пандемияи сирояти коронавирус дар изтироб мебошанд. Кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон айни замон кӯшиш ба харҷ дода, чораҳоро баҳри ҳарчӣ зудтар коркард намудани ваксина зидди ин беморӣ равона карда истодаанд.

Дезинфекция больницы  - Sputnik Тоҷикистон
Ваҳму воҳимаи мардум асос надорад: олими тоҷик роҳи табобати коронавирусро гуфт

Бемории мазкур бори дигар тамоми мардуми дунёро водор месозад, ки аҳамияти иммунизатсияро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ  дарк намуда, аз он бетараф набошанд. Новобаста аз мавҷуд будан ё набудани COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон, иммунизатсияи тақвимӣ маҳз ҳамин рӯзҳо назар ба давраҳои гузашта бояд фаъолтар бошад, зеро бо кӯшиши пешгирии як беморӣ, сар задани хурӯҷи дигар бемориҳои сироятии идорашавандаро роҳ надиҳанд.

Ҳамасола Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақаваии урупоии Ташкилоти ҷаҳонии беҳдошт дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи урупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истодааст.

Мудири кулли "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" Зафарҷон Азизов дар мавзӯъи “Ҳафтаи урупоии иммунизатсия” баромад намуда, оид ба масъалаи мазкур ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика"-и Вазорати тандурустӣ тамоми аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар  чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи урупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон  даъват менамояд.

Дар анҷом бахшида ба “Соли байналмилалии хизматрасонии ҳамшираҳои тиб ва момодояҳо” як қатор ҳамшираҳои тиб ва момодояҳо бо “Сипоснома”-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0