Ваҳму воҳимаи мардум асос надорад: олими тоҷик роҳи табобати коронавирусро гуфт

© Sputnik / Магда Гибелли / Гузариш ба медиабонкДезинфекция больницы
Дезинфекция больницы  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вирусолог, сироятшинос ва сардори Шӯъбаи таҷрибаомӯзии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд дар як мақолаи худ роҳҳои пешгирӣ ва табобат аз коронавирусро тавзеҳ додааст

ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Ба гуфтаи Мухтор Каримов, ки дар солҳои 80 –уми асри гузашта, рисолаи илмии худро дар мавзуъи “Омода намудан ва омӯзиши ваксинаи коронавирус” ҳимоя намудааст, эълон кардааст, ки коронавирус бо бархе аз антибиотикҳо ва ҳазориспанд табобат карда мешавад.

Ситуация с коронавирусом в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Эрон мувафақ шуд: донишманди эронӣ давои коронавирусро пайдо кард

Олими тоҷик дар мақолаи худ, ки ахиран дар сомонаи мақомоти шаҳри Хуҷанд ба чоп расидааст, таъкид доштааст, ки барои пешгирӣ аз коронавирус бояд ташхиси саривақтӣ ва пешгирии воридшавии вирус аз ҷойҳои номусоид гузоронида шавад.

Вай афзудааст, ки ҳамаи шахсони аз минтақаҳои номусоид воридшударо фавран дар муддати на кам аз 14 рӯз дар карантин, ҷудо нигоҳ доштан лозим аст ва ҳатман бо ин шахсон чорабиниҳои ташхисӣ, пешгирикунанда ва табобатӣ гузаронидан лозим мебошад.

Вай ҳамчунин таъкид доштааст, ки ҷойҳои хавфнок ба сироят бояд безараргардонӣ (дезинфексия) карда шавад.

“Воридоти молу маҳсулот аз ҷойҳои номусоид, маън карда шавад. Истифодаи ниқоб (даҳонбанд), мунтазам шустани дастон бо собун, ҳамарӯза иваз намудани ниқоб ва безарар гардонидани ниқоб дар оби ҷӯш тавсия дода мешавад”, - қайд намудааст Мухтор Каримов.

Ҳамчунин, вай дар мақолаи худ зикр кардааст, ки барои баланд бардоштани масуниятнокӣ (иммунитет) истеъмоли бештари ғизо, аз ҷумла истеъмоли сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз лозим аст.

В Москве введен режим самоизоляции для всех жителей - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳиши якбораи теъдоди маризони коронавирус дар Русия

Инчунин, олими тоҷик шарҳ додааст, ки чӣ гуна метавон аз коронавирус шифо ёфт. Ӯ чанд роҳи табобатро шарҳ додааст.

Вай афзудааст, ки барои табобати бемор, зардобаи ифротмасунро истифода бурдан мумкин аст.

“Ба бемор нӯшонидани шири бо антигемоглютинҳои махсус бойгардонидашуда ва фаллаи говҳои муқобили коронавирус эмкардашуда мувофиқи мақсад мебошад. Ин имкон медиҳад, ки беморшавӣ якчанд маротиба ва дараҷаи фавт паст шавад”, - таъкид доштааст олими тоҷик.

Мухтор Каримов қайд кардааст, ки натиҷаҳои хуби табобатӣ ва пешгирии беморӣ бо истифодаи пробиотикҳои дар асоси бактерияҳои B. Subtilis истеҳсолшуда – сибтилбен, лаксубтил ва пробиотики истеҳсоли Русия – “Ветом” гирифтан мумкин аст.

“Барои пешгирии сирояти сониявӣ антибиотикҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст. Барои гирифтани самараи хуби мубориза бар сирояти коронавирус бояд ҳатман дезинфексияи аэрозолии биноҳоро дар ҳузури бемор, бо истифодаи кислотаи шир, резорсин, дуоксиди гидроген ва дигар мавод, дар дараҷаҳои ғизлати маъмулӣ гузаронид. Натиҷаҳои хуб бо истифодаи дезинфексияи аэрозолии ҳазориспанд(исириқ), ки дар таркибаш моддаҳои безараргардонии пурқуввати муқобили вирус ва микробҳо, аз ҷумлаи лизол, кризол ва ғайра гирифтан мумкин аст”, қайд кардааст Мухтор Каримов.

Ҳамин тариқ донишманди тоҷик гуфтааст, ки он ваҳму воҳимае, ки дар байни мардум дар бораи бемории коронавирус пайдо шудааст, асосҳои кофӣ надорад.

Денис Проценко - Sputnik Тоҷикистон
Сардухтури "Коммунарка" Денис Протсенко гирифтори коронавирус шуд

Вай афзудааст, ки баъди ба давраи баҳор расидан ва баланд шудани ҳарорати ҳаво бо таъсири нурҳои ултрабунафш ва инфрасурх хоҳ нохоҳ ин бемориҳои пайдоиши вирусӣ дошта, худ аз худ аз байн меравад.

Ёдрас мешавем, ки  ахиран Агентии федеролии био - тиббии Русия доруи муассир алайҳи маризии коронавирусро пайдо намуд. Доруи мазкурро пизишкони рус дар асоси доруи зидди табларза омода намудаанд.

"Доруи мазкур, ки таъсири баланд дорад, паҳншавии ин вирусро дар ҳуҷайраҳо манъ мекунад. Ҳамзамон таъсири мефлокуин авҷгирии илтиҳоби шуш, ки барангезандаи он ин вирус мебошад, пешгирӣ мекунад.  Илова кардани доруҳо ва пенисиллини синтетикӣ на танҳо ташаккули дуюмдараҷаи ин бемориро бозмедорад, балки роҳёфтани вирус ба хун ва шушро монеъ мешавад", - изҳор доштааст Вероника Сквортсова, роҳбари ин агентӣ.

Ба гуфтаи собиқ Вазири беҳдошти Русия, доруи мазкур қобилияти шикаст додани вазнинтарин ҳолати сироятёбӣ ба коронавирусро дорад.

Лентаи хабарҳо
0