Кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

© Пресс-служба МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкГуманитарная помощь РФ, архивное фото
Гуманитарная помощь РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон се моҳи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Ожонси омори Тоҷикистон ахиран омореро нашр кардааст, ки тибқи он, ба ҷумҳурӣ дар 3 моҳи аввали соли равон аз чиҳилу ду кишвари ҷаҳон кумаки башардӯстона ба арзиши 4 миллион доллар ворид гардидааст.

Мешки с мукой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ба Тоҷикистон 5000 тонна орд медиҳад: кумаки башардӯстона

Сипос барои кумаки башардӯстона: Раҳмон ба Мирзиёев занг зад

Тибқи иттилои манбаъ ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чаҳору ним баробар камтар будааст.

Дар моҳҳои январ то марти соли қабл Тоҷикистон беш аз 18,5 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт карда буд.

Тоҷикистон ба маблағи 55 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кард

Тибқи омори мазкур, кумакҳои башардӯстонае, ки дар 3 моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон ворид шудаанд, маҳсулоти ғизоӣ, дору ва таҷҳизот мебошанд.

Дар садри кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистон  Чин, Русия, Ҳинд ва Қазоқистон қарор доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0