ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Қазоқистон ба хотири таъмини бехатарии озуқаворӣ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон 5000 тоннаӣ орд ирсол кард, хабар медиҳад Тоҷик.ТА.
Дар ин бора зимни ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои давлатҳои туркзабон хабар додаанд. Дар ин ҷаласа президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ва сарони кишварҳои аъзо - президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат кардаанд.
Ин ҷаласа тариқи видео сурат пазируфта ин бор ба "Пешгирии паҳншавии сирояти COVID -19" бахшида шуд.
Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8 апрел зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қазоқистонияш, Қосим Ҷомарт Тоқаев густариши ҳамкориҳо ва додугирифт дар пасманзари пандемияи коронавирусро баррасӣ кард.
"Вируси корона" ба маводи ғизоӣ "сироят" кард: болоравии нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон омодагии кишварро барои таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти барвақтии меваю сабзавот дар ҳаҷми зарурӣ, ҳамчунин интиқоли пиёз иброз доштаст. Мавзӯи интиқоли пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистон ва воридоти орд аз Қазоқистон аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбати сарвазирони тоҷику қазоқ буд.
Тоҷикистон пиёзу Қазоқистон гандум медиҳад: суҳбати Расулзода бо ҳамтои қазоқаш
Суҳбати сарони ду кишвар барои воридоти орду гандум ва содироти пиёз дар ҳолест, ки қаблан Бохит Султонов, вазири тиҷорати Қазоқистон эълон намудааст, ки содироти бархе маҳсулот монанди гандум, орд, шакар, себзаминӣ ва руғани офтобгардон бо ҳадафи таъмини комили ниёзҳои мардуми Қазоқистон ба таври муваққат то 15 апрел мамнӯъ мешавад.
Қазоқистон яке аз содиркунандаи асосии гандуму орд дар минтақа ба шумор меравад, ки Тоҷикистон низ ҳамасола миқдори зиёди ин маҳсулотро ба кишвар ворид месозад.