ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Шоми17 апрели соли равон бо иштироки муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарони як қатор раёсатҳо ва директорони муасссисаҳои тандурустии пойтахт ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор шуд.
Номгӯи давлатҳое, ки дар он коронавирус нест: бештарашон ҷазираҳоянд
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии кишвар, дар ҷаласаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки аз 1 феврал то 17 апрели соли равон 7871 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустии кишвар ба қаранттина фаро гирифта шуданд.
“Аз ин шумора то санаи зикргардида 6348 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 1523 нафарашон дар қарантина қарор доранд”, - таъкид кардааст ситод.
Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа фавт ва гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат бо бемории илтиҳоби шуш (пневмания) дар чанд рӯзи охир, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сар задани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ дар робита ба он, ки гӯё ин нафарон гирифтори сирояти коронавирус мебошанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз намуд, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо дар баробари таъсири манфӣ расонидан ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳамзамон, ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид.
“Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмания) зиёд ба мушоҳида расид”,- гуфт Шодихон Ҷамшед.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд ҳангома сохт.
Ситод таъкид кардааст, ки бояд моҳияти аслии ин беморӣ аз ҷониби табибони оилавӣ ба шаҳрвандони мамлакат расонида шавад, то дар ин лаҳзаҳои ҳассос сокинон ба таҳлука наафтанд.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи мазкур барои дар ҳолати омодабош қарор доштан барои хурӯҷи эҳтимолии сирояти коронавирус ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шудааст.