ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз бемории илтиҳоби шуш (пневмания) даргузашт, вале эҳтимол дорад ӯ аз коронавирус бандагӣ карда бошад. Ин иттилоъро ба Sputnik Тоҷикистон аз сафорати Тоҷикистон дар Русия тасдиқ карданд.
Бино бар иттилои манбаъ, шахси фавтида дар Русия ба таври доимӣ иқомат мекардааст ва соҳиби ду фарзанд будааст.
Пизишкони Русия пас аз марги ин муҳоҷири меҳнатӣ аз ӯ ташхиси коронавирус гирифтанд, ки ҳоло натиҷааш номаълум аст. Зану фарзандони ӯ ва нафарони наздикаш, ки бо ӯ алоқаи наздик доштанд мунтазири натиҷаҳои ташхис мебошанд.
Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи пизишкон ин муҳоҷири тоҷик ба далели бемории илтиҳоби шуш (пневмания) ҷони худро аз даст додааст.
Натиҷаи таҳлилҳо сабаби марги ин шаҳрванди Тоҷикистон бояд дақиқ кунад. Таҳлилҳо бояд нишон диҳанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби коронаврис даргузашт ё на.
Тибқи маълумоти сафорати Тоҷикистон натиҷаи таҳлилҳо 18 апрелис соли равон дақиқ хоҳанд шуд.