ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Бино бар иттилои расонаҳо Қазоқистон ахиран дар 10 километрии фурудгоҳи Сари Ариқи шаҳри Қарағанда як ҳавопаймои низомӣ сарнагун шуд.
Вазорати дифои Қазоқистон сарнагун шудани ҳавопаймои низомии Миг-31 тасдиқ кард ва таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир сабаби суқути ҳавопаймо дақиқ нест.
Тибқи иттилои мақомоти Қазоқистон, ин ҳодиса дар наздикии фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Қарағанда дар пайи сухтор дар яке аз муҳаррикҳои ин ҳавопаймо сар задааст.
Ҳалокати раҳбари Шӯрои генералҳои Қазоқистон дар суқути ҳавопаймо
Баъд аз сар задани ин ҳодиса Вазорати дифои Қазоқистон комиссиони вижаеро ташкил ва баррасии далелҳои сарнагун шудани ин ҷангандаи низомиро шуруъ шудааст.
Бояд гуфт ин чаҳорумин маротиба аст, ки ҷангандаи Миг-31-и неруҳои дифои ҳавоии Вазорати дифои Қазоқистон сарнагун мешавад. Мавридҳои қаблӣ дар солҳои 2007, 2008 ва 2013 сурат гирифта буд.