Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Теъдоди сироятёфтагони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 1380 нафар расид: 129 кас шифо ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевВодитель автомобиля в защитной медицинской маске
Водитель автомобиля в защитной медицинской маске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо сироят шудани 31 нафари дигар, шумораи дардмандони маризии коронавирус дар Ӯзбекистон ба 1380 нафар расид

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ба гузориши Созмони ҷаваҳонии беҳдошт дар Ӯзбекистн сафи дардмандони COVID-19 ба 1380 нафар баробар шудаасат.

Прохожие в защитных масках и перчатках - Sputnik Тоҷикистон
Машварати Роспотребнадзор ба мутахассисони тоҷик оид ба коронавирус

Манбаъ ҳамзамон аз фавти 4 кас ва шифо ёфтани 129 нафар дар ин кишвар гузориш медиҳад.

СҶБ шумораи дардмандони ин маризӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил , аз ҷумла дар Россия 27 938 ҳолат, Беларус – 4204, Украина — 4 161, Молдова – 2 154, Қазоқистон – 1 470, Озарбойҷон – 1 283, Арманистон – 1 159 ва Қирғизистон 489 ҳолат арзёбӣ мекунад.

Ҳамчунин то имрӯз дар Россия 2 304 нафар, Озарбойҷон – 460, Арманистон  – 358, Қазоқистон – 285, Молдова – 235, Беларус – 203, Украина — 186, Ӯзбекистон – 129 ва Қирғизистон – 112 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Номгӯи давлатҳое, ки дар он коронавирус нест: бештарашон ҷазираҳоянд

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 840 нафар буда, 54 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 30 тани дигар вафот кардаанд.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 678 ҳазору 144 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 34 ҳазору 341 нафар ва шумораи шифоёфтагон 57 ҳазору 844 касро ташкил медиҳад.

Президент РФ В. Путин провел совещание с членами правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон
Таъсири коронавирус ва тасмими бесобиқаи Путин: рӯзи 9 май Режаи Пирӯзӣ баргузор намешавад

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 184 ҳазору 948 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 289 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 19 ҳазору 315 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 74 ҳазору 797 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 168 ҳазору 941 нафар ва теъдоди фавтидагон 22 ҳазору 170 нафар мебошад. Дар Франсия 165 ҳазору 67 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 17 920 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Германия теъдоди мубталоён 137 ҳазору 698 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 4 052 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 103 ҳазору 93 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 13 ҳазору 729 нафар мебошад.

Алайҳи коронавирус: Қаҳрамонии бокси Осиё дар Ҳиндустон баргузор мешавад

Дар Чин 82 ҳазору 692 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз 351 ҳолати нав ошкор гардид. Ҳамчунин дар он 4 632 нафар вафот кардаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 77 ҳазору 995 нафарро ташкил дода, аз онҳо 4 ҳазору 869 нафар вафот кардаанд. Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия 74 ҳазору 193 нафар ва дар Белгия – 34 809 нафар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0