ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Оксфам аз паёмади тасмими раисиҷумҳури Амрико мабнӣ бар таваққуфи кумаки молӣ ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳушдор дода, пешбинӣ кардаанд, ки ҳамагирии корона мумкин аст беш аз ним миллиард нафари дигарро ба сатҳи фақр бирасонад.
Дар ин бора хабаргузории Парстудей бо такя ба пойгоҳи хабарии “Democracy Now” иттилоъ додааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки тасмими раисиҷумҳури Амрико дар қатъи кумаки молӣ ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар баҳбуҳаи шуюи корона ҷиноят алайҳи башарият аст.
Оксфам дар тозатарин гузориши худ ҳушдор додааст, аз онҷое, ки ҳамакнун ҳудуди се миллиард нафар дар фақр зиндагӣ мекунанд, шуюи вируси корона метавонад маргбор бошад.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бомдоди чаҳоршанбе бо муттаҳам кардани Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба пинҳонкорӣ дар буҳрони шуюи корона кумакҳоии молии Амрикоро ба ин созмон мутаваққиф кард.
Раисиҷумҳури Амрико, ки ба шиддат дар Амрико бобати наҳваи мудирияташ дар хусуси шуюи вируси корона мавриди интиқод қарор гирифта, дар рӯзҳои ахир Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро ҳадафи ҳамалоти лафзии худ қарор додааст.
Иқдоми Трамп дар қатъи будҷаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, бо мавҷи густурдае аз маҳкумиятҳо ва интиқодҳо дар ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст.