Пешбинии дақиқи обуҳавошиносон аз ҳавои тағйирёбандаи имрӯз дар Тоҷикистон

© Pixabay/NickyPeПрогулка в дождливую погоду
Прогулка в дождливую погоду - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ туман мефарояд

ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.

Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ аз боронгарии шадид, раъду барқ ва жола ҳушдор медиҳад
Дар ғарби вилоят баъзан борон меборад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Рӯзона дар водиҳо эҳтимоли боришоти нисбатан сусти борон дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ туман мефарояд. Шамол  аз самти  ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона эҳтимоли бориши нисбатан суст пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

КҲФ аз боридани боронҳои пуршиддат ва омадани сел ҳушдор дод

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзе ҳолатҳо борони сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ағбаҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм мешавад. 

Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва  рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0