КҲФ аз боронгарии шадид, раъду барқ ва жола ҳушдор медиҳад

© SputnikДушанбе, архивное фото
Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз номусоид будани обуҳавои кишвар то авохири ҳафтаи равон ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такя  ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то охири ҳафтаи ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад.

Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур дар ин муддат боридани боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жола дар назар аст.

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боронгарӣ, сел ва сангрезӣ: ҳушдори обуҳавошиносон аз номусоид шудани ҳавои Тоҷикистон
Манбаъ меафзояд, дар роҳҳои кӯҳии кишвар омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг эҳтимол дорад.

Боришҳои шадид метавонанд боиси он гарданд, ки сатҳи об дар рӯдхонаву каналҳо боло равад. Аз соҳил берун шудани об метавонад хатаре ба заминҳои кишт, манзили мардум, пулҳо ва саддҳо шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар  хоҳиш мекунад ҳамнгоми  истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд, мошинҳои худро қабл аз сафар омода созанд, камбудиҳои техникиро бартараф намоянд ва то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0