Собиқ бонкдори №1-и Тоҷикистон мансаби нав гирифт

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шариф Раҳимзода, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва вакили парлумон имрӯз бо қарори Ҳукумат дар Академияи миллии илмҳо мақоми нав гирифт

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукуматро имзо кард, ки бар асоси он Шариф Раҳимзода директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардид.

Шариф Рахимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳимзода: “Талко” ва “Роғун” моликияти миллӣ боқӣ мемонанд

Раҳимзода дар ин мақом Саидмуродов Лютфиллоиро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш барканор гардидааст.

Шариф Раҳимзодаи 61-сола, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳои 1981-1989 фаъолияти дар факултаи молиявию иқтисодии донишгоҳ омӯзгор будааст.

Сипас дар низоми бонкӣ ва ба ҳайси сафир дар кишварҳои аврупоӣ кор карда, солҳои 2006-2008 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Раҳмон аъзои нави Маҷлиси миллиро таъйин кард: Убайдуллоев нест

Солҳои 2008-2012 дар мақоми раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст.  Бо фармони раисиҷумҳур аз моҳи январи соли 2012 вазири рушди иқтисоду савдо буда, соли 2015-ум ба ҳайси вакили ҲХДТ вориди парлумон гардида, то охири даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон кор кард.

Лентаи хабарҳо
0