Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омори даҳшатбор: мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар гузашт

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкСотрудница поликлиники измеряет температуру посетительницы, архивное фото
Сотрудница поликлиники измеряет температуру посетительницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумори мубталоёни коронавирус дар сартосари ҷаҳон бино бар оморҳои субҳи имрӯз аз ду миллион нафар гузашт

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Бино ба омори ахире, ки аз суи Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА чанд дақиқаи пеш нашр шуд шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 1 миллиону 979 ҳазору 477 нафар расидааст.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
СҶБ бо профессори тоҷик розӣ аст ва БСЖ-ро алайҳи коронавирус тавсия намедиҳад
Аз рӯи омори сироятёфтагон ва фавтидагон Амрико, Испания ва Италия ҳануз дар ҷойи авваланд. Чин бошад, аз рӯйи сироятёбӣ дар зинаи ҳафтум қарор гирифт. Эрон дар ҷойи ҳаштум ва Русия дар зинаи 15 қарор дорад.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (621 380 нафар), Испания (174 060), Италия (162 488), Олмон (132 210), Фаронса (1103 273), Чин (82 295), Эрон (84 877), Британияи Кабир (93 873), Туркия (65 111) ва Белгия (31 119) дохил мешаванд.

Шумори шифоёфтагон аз ҳама бештар дар Чин — 77 816 нафар, Испания – 67 504, Олмон – 58 112, Эрон – 48 129, Италия – 37 130, ИМА – 48 036, Фаронса – 28 805, Швейтсария – 14 700, Бразилия – 14026 ва Австрия – 6 616 нафар мебошанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (26 59), Италия (21 067 нафар), Испания (18 255), Фаронса (15 729), Британияи Кабир (12 107), Эрон (4 683), Чин (3 342), Олмон (2 280), Нидерланд (3 495) ва Белгия (4 157) дохил мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0