Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Коронавирус ба ду манотиқи дигари Русия роҳ ёфт: 28 фавт ва 3388 ҳолати сироятшавӣ

© REUTERS \ CIRO DE LUCAСотрудник здравоохранения в защитном костюме
Сотрудник здравоохранения в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чукотский ва Ненетский ду манотиқе, ки то ҳол аз коронавирус орӣ буданд, акнун гирифтори ин маризӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Раванди паҳншавии маризии коронавирус дар Русия дар ҳоли афзоиш аст. Бар хабари ситоди фаврӣ бобати ин маризӣ, танҳо давоми як шабонарӯз дар Русия 3388 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Денис Проценко - Sputnik Тоҷикистон
Шифо ёфтани сардухтури беморхонаи "Коммунарка" аз коронавирус
Ҳамзамон теъдоди қурбониён низ ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст. Танҳо дар як шабонарӯз 28 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд. Инчунин табибон тавонистанд ин бемориро аз вуҷуди 292 нафар берун оранд ва шабонарӯзи гузашта онҳоро аз беморхона мураххас намуданд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз роҳ ёфтани ин маризӣ ба ду манотиқи дигари Русия, ки то ҳол аз ин беморӣ дар канор буданд, хабар медиҳад.

Омори даҳшатбор: мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар гузашт

"Ҷамъан, тӯли як шабонарӯз дар 65 минтақаи Русия, 3388 нафар гирифтори коронавирус гардиданд, - омадааст дар манбаъ.

Аз сирояти нав 1774 нафар дар Маскав, 272 нафар дар вилояти Маскав, 137 дар вилояти Мурманск ва 130 нафар дар Санкт-Петербург ба қайд гирифта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Русия 24 ҳазору 490 бемор дар 84 минтақаи кишвар сабт гардидаанд. Аз замони ворид шудани ин маризӣ ба қаламрави Федератсияи Русия, 198 нафар ҷон бохта, 1 ҳазору 986 нафар шифо ёфтанд ва аз беморхона мураххас гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0