Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Шифо ёфтани сардухтури беморхонаи "Коммунарка" аз коронавирус

© Sputnik / Евгений БиятовДенис Проценко
Денис Проценко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду ташхиси ахири сардухтури беморхонаи "Коммунарка" Денис Протсенко аз маризии сироятии коронавирус манфӣ баромадаст

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Денис Протсенко сардухтури беморхонаи "Коммунарка" дар шаҳри Маскав аз шифо ёфтани худ аз маризии коронавирус хабар додааст.

Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таассуфи дабири кулли СММ аз хабарҳои бардурӯғ оиди коронавирус дар интернет
Номбурда дар сафҳаи Фейсбукии худ навиштааст, ки ду ташхиси ахири ӯ аз коронавирус манфӣ баромаданд. 

Қаблан хабар дода шуд, ки сардухтури беморхонае, ки маризони коронавирус он ҷо хобонда мешаванд, ба маризии сироятии коронавирус гирифтор шудааст.

Ба беморхонаи мазкур чанде қабл раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ ташриф оварда буд ва аз аҳволи маризон бевосита таҳти роҳбаладии Денис Протсенко хабардор гардид.

Аз ҳазор нафар гузашт: афзоиши босуръати гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон

Владимир Путин пас аз аёдати беморон бо сардухтур Денис Протсенко ва пизишкон суҳбат анҷом дод.

То санаи 15 - уми апрел дар бемористони "Коммунарка" 487 нафар таҳти табобат қарор доранд. Гуфта мешавад, давоми як шабонарӯз ба ин беморхона 34 мариз оварда шуда, ҳамзамон 37 нафар шифоёфтагон мураххас шуданд.

Лентаи хабарҳо
0