ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Восеъ рух додааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Манбаъ меафзояд, номбурда ба умеди сайд кардани кабутар ба болои теппа баромада, аз беэҳтиётӣ ба ҷарӣ афтида, дар обу лойқаи калон дармонда, ба ҳалокат расидааст.
Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор: се нафар ба ҳалокат расид
Хабари нопадид шудани сокини ноҳияи Восеъро рӯзи 14 - уми апрел ба шӯъбаи кумитаи мазкур расонданд, ки бо кӯшиши 6 наҷотбахш ва 100 нафар сокинони деҳа, ҷасади ҷавон аз миёни обу лойқа берун оварда шуда, ба наздиконаш супорида шуд.
КҲФ хотирасон мекунад, ки дар робита ба номсоид будани ҳаво дар ҳафтаи ҷорӣ, аз рафтан ба саҳро ҷиҳати анҷоми корҳои саҳро, молчаронӣ, шикор, моҳидорӣ ва ғайра худдорӣ карда шавад.