Дар пайи сардиҳо муҳлати гармидиҳӣ дар пойтахт дароз шуд

© Sputnik / Амир ИсаевТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото
ТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон агар ҳавои хунук боқӣ монад, муҳлати интиқоли гармӣ ба хонаҳои сокинони пойтахт дароз карда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Дар Душанбе, бинобар сабаби пастшавии ҳарорати обу ҳаво, тасмим гирифтаанд имсол муҳлати гармидиҳиро то 21 апрел тамдид кунанд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Барфи ғайричашмдошт: гулгашту дарахтзорҳои Душанбе зери барф монданд - акс

Ба иттилои манбаъ, аз Вазорати энергетика гуфтаанд, агар ҳавои сард боқӣ монад, муҳлати гармидиҳӣ тамдид карда мешавад.

Ин ниҳод гуфтааст, тасмими мазкур ба хотири паст гаштани сатҳи ҳарорати ҳаво ва ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ дар дохили кишвар марбут аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 45 миллион киловатт-соат нерӯи барқ тавлид мешавад.

Соли гузашта мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе 7 апрел ба итмом расида буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон бориши барфи ногаҳонӣ сардиҳои ногаҳонӣ ба амал овард, ки ҳарорати ҳаво дар пайи он поин рафт.

Лентаи хабарҳо
0