Шаби 9 - уми апрел дар Тоҷикистон боришоти шадиди барф рух дод, ки дар натиҷа гулу гулгаштҳо ва дарахтони гулбастаро сафедпӯш намуд.
Одамон ороиши зиёди барф дар Душанберо ба навор гирифта фавран дар Интернет ҷой доданд.
Барфи баъд аз баҳору Наврӯз дар Тоҷикистон - акс
Сокинон аз он дар ҳайратанд, ки дар даҳаи аввали моҳи апрел маъмулан дар Душанбе боришоти зиёди борон ва раъду барқ сурат мегирад, на барфрезии шадид, ки ҳама чизро фалаҷ кард.
Ҳатто солҳо пеш, Душанбе ин қадар барфпӯш набудааст. Одатан барфи тар бисёр меборад ва фавран об мешавад. Аммо имсол моҳи апрел сокинони Душанберо бо резиши барфи шадид ҳайратзада намуд.
Зимнан, Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон афзуд, ки то 10 апрел ҳаво дар ҷумҳурӣ номусоид боқӣ монда, боридани борони ба барфи тар табдилёбанда пешгӯӣ мешавад.