Боздошти тоҷикон дар Олмон бо иҷозати Петер Франк: "қасди ҳамла доштаанд"

© Sputnik / Захари Шойрер / Гузариш ба медиабонкСотрудники полиции в Берлине
Сотрудники полиции в Берлине - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуруҳи тоҷикистониён рӯзи чоршанбе бо иҷозати Петер Франк, додситони кулли Олмон ҳабс шудаанд, хабар доданд расонаҳои ин кишвар

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Гуруҳи исломиёни тундгаро аз Тоҷикистон қасди террор дар Олмон доштаанд, хабар дод SPIEGEL.

Шириншо Шотемур - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати писари Шириншоҳ: аз қитиқи пойи падар то саргузашти оила баъди "террор" - акс

Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳи чорнафарӣ субҳи рӯзи чоршанбе аз номи додситони кул, Петер Франк дар шимоли Рейн – Вестфалия боздошт гардидаанд.

Сомонаи SPIEGEL навиштааст, ки саркардаи эҳтимолии ин гуруҳ Равшан.Б-и 30-сола мебошад, аз соли гузашта баъди пайдо кардани силоҳ аз ӯ, дар ҳабс қарор дорад.

Ёди дабири кулли СММ аз террор дар Данғара: чӣ кунем, ки террористон ба мақсад нарасанд?

Расона афзудааст, ки муфаттишони додситонии федералӣ дар шаҳри Карсруэ муътақиданд, ки боздоштшудаҳо узви созмони террористии “ДОИШ” мебошанд. Таъкид шудааст, ки муттаҳамон бо аъзои баландпояи “ДОИШ” дар Сурия тамос доштаанд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, 6 бор террор шуд: суҳбати Президент аз сӯиқасдҳо ва утоқи танг-видео

Шпигел аз қавли муфаттишон навиштааст, ки ин гуруҳ нахуст қасд доштааст, ба Тоҷикистон сафар кунаду бо Ҳукумати кишвар мубориза баранд, аммо баъдан тасмимашонро тағйир дода, қасди анҷоми ҳамла дар Олмонро доштаанд.

Илова шудааст, ки созмонҳои амрикоӣ дар Олмон ва танқидгарони Ислом дар феҳрасти ҳадафҳои эҳтимолии ин гуруҳ будаанд. Таъкид шудааст, ки гуруҳ аллакай тариқи интернет маводеро, ки барои тайёр кардани дастгоҳи тарканда заруранд, фармоиш додаанд.

Тафсилоти бештари ин ҳодиса ва назари ҷониби боздоштшудаҳо дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0