Раҳмон гуфт, 6 бор террор шуд: суҳбати Президент аз сӯиқасдҳо ва утоқи танг-видео

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари ахираш ба ноҳияи Балҷувон дар бораи сӯиқасдҳо ба ҷони ӯ дар Хуҷанду Бадахшон, захми пой, сафар ба Кобул, пешниҳодаш ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари вақти мухолифин, нақшаи бархе кишварҳо барои тақсими Тоҷикистон ва миллату мазҳабфурӯшии бархе гуруҳҳои ифротӣ суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Суҳбати Раҳмон аз солҳои аввали корияш баъди он оғоз шуд, ки сокинони ноҳияи Балҷувон ба ӯ мусаввараи хотиравиро дар бораи кору зиндагияш дар як утоқи масоҳаташ 2 бар 2 тақдим карданд.

Похмелье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шаробнӯшии бародарон бо 16 зарбаи корду ҳабс анҷомид

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар посух изҳор дошт, ки воқеан тайи чор сол дар як утоқи кории 2 бар 2 метрӣ кору зиндагӣ кард.

“Қариб чор сол дар ҳамин чор квадрат, 2 бар 2 ман зиндагӣ кардаам. Ина ин ҷойгоҳи хоб, ин ҷо як курсии нишаст дошт, як ҷои дасту рӯйшӯӣ. Чанд бор тирборон карданд. Агар азоб намекашидем, ба ин рузҳо намерасидем”, - тавзеҳ дод Раҳмон.

Ӯ дар идома иттилоъ дод, ки 6 бор ҳадафи терракт қарор гирифт.

“Дар шаҳри Хуҷанд назди театри Камоли Хуҷандӣ 75 кас ярадор шуд, аз он ҷумла худи ман. Ду кас вафот кард, ду кӯдак. Ҳамон осколкаҳо то ҳол дар пой мондагӣ аст”, - изҳор дошт раисиҷумҳур Тоҷикистон.

Телевизиони Тоҷикистон навори мулоқотро нашр кардааст, ки Раҳмон сар аз дақиқаи 36-ум ба изҳори хотироташ аз шароит кор дар солҳои аввали роҳбарӣ оғоз мекунад.

Ӯ афзуд, ки 6 маротиба чунин ҳолатҳо, аз ҷумла дар Бадахшон рух додаасту дар идома аз тақдир зикр кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, он замон ваъда дода буд, ки ҷони худро нисор мекунаду сулҳро ба Тоҷикистон меорад ва сафараш ба Кобулро мисол оварда, гуфт тайи 30 сол ягон роҳбари давлат ба ин макони ҷанг нарафта буд.

“Дар ҳамон ҷо бо роҳбарияти собиқи мухолифин вай кардам, ки агар мою шумо ба худ омада, миллатро сарҷамъ накунем, дар таърихи миллати тоҷик мою шуморо ҳамчун миллаткуш, халқи тоҷик фаромӯш намекунад. Набера ба абера решаю пайванди моро нест мекунанд. Хубаш, ки сулҳ кунем, миллатро сарҷамъ кунем. Рафтани ман ҳамин мақсад дошт”, - шарҳ дод Раҳмон.

Ӯ гуфт, он замон қувваҳои дигару омилҳое буданд, ки тоҷикҳо давлатдорӣ карда наметавонанд гуфта, нияти фурӯ бурдани давлатро доштанд.

Зрители в кинотеатре - Sputnik Тоҷикистон
"Ин филм барои ҳукуматдорон аст" : намоиши “Боз меоям” дар Маскав

“Аллакай то Анзоб пулҳоро тарконданд, ҳадаф ҷудо кардан фурӯ бурдани давлат бо дасти худи хоинҳои миллати тоҷик буд”, - изҳори боварӣ намуд раисиҷумҳур.

Вай дар идома аз бархе гуруҳҳои ифротӣ зикр кард, ки ба гуфтаи ӯ ҳоло ҳам аз хориҷ фаъолият доранд.

“Баъзе кишварҳо аллакай дар фикри тақсимот нақшаи фурӯ бурдани давлати ҷавони Тоҷикистонро кашида буданд. Гуруҳҳои ифротӣ, ки ҳоло ҳам аз хориҷу баъзан ҷойҳои дигаранд, дарк намекарданд, чунки онҳо хоин буданд, на ҳисси миллӣ, на ҳисси ватандӯстӣ ва на имон доштанд. Имонашон, мазҳабашонро фурӯхта буданд, то нафси ҳаромашонро қонеъ кунанд”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ дар охир изҳор дошт, ки ин ҳама дар саҳифаҳои таърих монд ва имрӯз халқи тоҷик ҷасур, ғаюр, қаҳрамон ва далер аст, чунки ба гуфтаи раисиҷумҳур ба ин рӯз расидан ин хизмати қаҳрамононаи халқи тоҷик аст.

Лентаи хабарҳо
0