ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт ба хотири дуздӣ шабона вориди манзили зисти зани 30 - сола гардидааст, ки аз ҷониби кормандони милитсияи боздошт гардид.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, роҳзан шаби 13 ба 14-уми апрели соли 2020, тахминан соати 01:00, бо роҳи пинҳонӣ дар сар ниқоб пӯшида ба хонаи истиқоматии зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид шудааст.
Номбурда бо корд соҳибхоназанро таҳдиди куштан карда, аз дохили ҷевон 10 ҳазор рубли русӣ, 100 доллари амрикоӣ, 300 сомонӣ ва 1 адад ангуштарини тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зикр мегардад, ки зарари расонидашуда 4 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.