ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Бориши боронҳои шадиди шабонарӯзи гузашта сабаби болоравии сатҳи оби дарёву каналҳо шуда, сокинони мамлакатро ба изтироб овард, гузориш медиҳад кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Давоми шабонарӯзи гузашта дар дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб, ҳамчунин дар рӯдхонаҳои воқеъ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор болоравии сатҳи об мушоҳида шуд.
13 апрел дар натиҷаи боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Хонақоҳ аз меъёр баланд шуда, хавфи зери об мондани хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишти сокинони деҳаи Афғонободи Ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисорро зиёд кард.
Барои пешгирӣ аз офати табиӣ ба минтақаи хатарнок гурӯҳи корӣ ҷиҳати роҳандозии корҳои пешгирӣ аз хатар бо ҷалби техника равона карда шуд.
"Ҳамаи воҳидҳои Кумита ба меъёри тақвиятёфтаи фаъолият гузаштанд, ки сабаби ин боронҳои пуршиддат ва эҳтимоли сар задани ҳолатҳои фавқулода дар ҳар гӯшаи мамлакат аст. Наҷотдиҳандагони Кумита дар роҳҳои асосии кӯҳӣ, бахусус дар роҳҳои "Душанбе – Айнӣ" ва "Душанбе — Ванҷ" шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд", — омадааст дар иттилоияи Кумита.
КҲФ аз боронгарии шадид, раъду барқ ва жола ҳушдор медиҳад
Ёдовар мешавем, ки хатари болоравии сатҳи об дар каналу дарёҳои мамлакат то 17 апрел боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш худ ва атрофиёнашонро эҳтиёт кунанд.