Дар Тоҷикистон 114 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд

© дафтари матбуоти IRS Техникаи барфтозакунии IRS зери тарма монд
Техникаи барфтозакунии IRS зери тарма монд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ин шумора 6 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат зарар расонидааст, ки маблағи умумии он ҳудуди 1 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

 ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Давоми се моҳи сипаригардида дар қаламрави Тоҷикистон 114 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, аз ин шумора 6 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат зарар расонидааст, ки маблағи умумии он ҳудуди 1 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

"Инчунин дар ин давра бар асари омадани сел 1 нафар ва фаромадани тарма 2 нафар сокинони мамлакат ба ҳалокат расиданд", - омадааст дар иттилои манбаъ. 
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода 13 апрел зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод ба масъалаи ҳодисаҳои омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро ҷиҳати андешидани тадбирҳои саривақтӣ вазифадор кард.

"Диққати асосӣ ба тадбирҳои соҳилбандӣ, корҳои ҳаррӯзаи қувваҳои ҳарбӣ, таъмини ақибгоҳ, истифода, ҳифз ва таъмири техника ва силоҳҳо, риояи интизоми ҳарбӣ, фароҳам овардани шароит барои хизмати ҳарбии сарбозон равона гардид",- омадааст дар иттилоияи Кумита.

Ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон ҳаво якбора номусоид гашт. Дар натиҷа, дар минтақаҳои Тоҷикистон борон, барф борид. 

Супоришҳои қатъии Раҳмон ба раисони вилоятҳо барои бартарафсозии оқибатҳои барфу борон

Ҳамчунин, обуҳавошиносони Тоҷикистон боз ҳушдор додаанд, имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борони бошиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф аз эҳтимол дур нест.

Лентаи хабарҳо
0