Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Эрон баргузор мешавад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗдание Министерства культуры Таджикистана
Здание Министерства культуры Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин масъаларо дирӯз, вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Рӯзи 13 апрел вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода сафири Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазируфтааст.

Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Эрон барои таъмири нақби “Истиқлол” 11 миллион доллар ҷудо карданд

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар сӯҳбат намуда, маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангиро барои соли 2020 тарҳрезӣ намудаанд.

“Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд”: чаро Гугуш имсол Наврӯзро таҷлил накард? – видео

Ҷаноби Собирӣ изҳор дошта, ки муносибатҳои фарҳангӣ ба рушди муносибатҳо дар дигар самтҳо низ таҳрик мебахшанд, аз ин рӯ вусъат додани робитаҳои фарҳангии ду кишвар минбаъд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияташон хоҳад буд.

"Инчунин зимни сӯҳбат оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, намоиши муштараки дастовардҳои илмиву фарҳангии ду кишвар, маҳфилҳо оид ба бузургдошти чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷику форс, табодули таҷриба дар соҳаи санъату ҳунар ва нашри китоб изҳори андеша карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки вохӯрӣ дар фазои хушу дӯстона сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0