ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Барои бозсозии нақби "Истиқлол" дар Тоҷикистон боз 11 миллион доллар маблағ равона мегардад.
Бино ба иттилои вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода, дар ин бора ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби “Истиқлол” дар Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Гуфта мешавад, маблағгузорӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва Эрон ба андозаи баробар ба 5,5 миллион долларӣ сурат хоҳад гирифт.
Худоёр Худоёрзода, зимни шарҳи санади ҳамкории мазкур дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон гуфт, маблағи мазкур барои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ, васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунии нақб равона карда мешавад.
Эрон: нақби “Истиқлол” тавассути муҳандисони эронӣ такмил мешавад
Оғози корҳои сохтмонӣ дар нақби “Истиқлол” ҳануз замони Шӯравӣ оғоз гардида буд.
Созишнома барои идомаи сохтмони нақб миёни Тоҷикистон ва Эрон соли 2003 ба имзо расид, ки бар асоси он аз ҷониби Эрон 31 миллион ва Тоҷикистон 7,8 миллион доллар маблағгузорӣ шуд. Эрон он замон аз 31 миллион доллар 10 миллионашро ҳаммчу бурсия ва 21 миллионашро қарз дод.
Корҳои асосии нақб соли 2006 анҷом ёфта, бо иштироки сарони ду кишвар ифтитоҳ гардид.
Нақби “Истиқлол” 5,2 километр дарозӣ дошта, дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди самти Душанбе – Хуҷанд ҷойгир аст.