Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борони бошиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, дар шарқи вилоят эҳтимоли боришоти нисбатан суст дар назар аст. 

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 5+10 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони башиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз боронҳои шадиду сел ва тавсия ба ронандаҳо

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони   пуршиддат меборад.  Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8+13 ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо боронҳои бошиддат дар назаранд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0