ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бино ба иттилоъи манбаъ аз мақомоти қудратии вилояти Суғд, ин ҳодисаи мудҳиш, шоми дирӯз 27-уми декабр дар шаҳри Истаравшан рух рух додааст.
“Санаи 27-уми декабр тахминан соатҳои 20 00 дақиқа, А. Д., сокини шаҳри Истаравшан, кӯчаи Пинер, соли таваллудаш 1972, дар ҳуҷраи ҳавлии истиқоматиаш, бо ҳамсараш, ки соли таваллудаш 1984 ва истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ муноқиша намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди хоҷагии дар дасташбуда, 13 маротиба ба узви бадани охирон задааст, ки дар натиҷа, ҳамсар аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористони шаҳри Истаравшан ба ҳалокат расидааст”,-гуфт манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон.
Зимнан оиди ин ҳодиса тибқи моддаи 104 (куштор) қисми 1 и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дафъаҳои охир аз рухдоди ҳодисаҳои куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар хабарҳо зиёд гуфта мешаванд. Чанде пеш РВКД дар вилояти Суғд аз рухдоди чунин як ҳодисаи куштори ҳамсар аз сӯи шавҳар барои майнӯшӣ дар ноҳияи ба номи Б. Ғафуров хабар дода буд.
Ба иттилоъи мақомот ин ҳодисаи куштор рӯзи 6-уми декабр дар ҳоле рух додааст, ки Абдумавлон Холматов, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, баъди пай бурдани он, ки ҳамсараш Мавҷудаи 53 сола дар хона май нӯшидааст, бо дастонаш ӯро буғӣ карда ба ҳалокат расонидааст.
Дар паи рухдоди ин ҳодисаи тақдиршикани куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар деҳаи Сомғори ноҳияи Б. Ғафуров, аз сӯи мақомот тибқи моддаи 104 (куштор) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.