ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Размикори доғистонӣ дар саҳифаи Инстаграми худ навиштааст: “Ҳарчанд то моҳи сентябр чандон наздик нест, аммо бовар кардан душвор аст, ки ҳама чиз то моҳи сентябр ба охир мерасад”.
Ӯ ҳамчунин аз як нафар иқтибос оварда гуфтааст, дар замони осоиштагӣ бояд ба ҷанг омодагӣ дид ва аз ҳаводоронаш суол кардааст, ки рӯзҳояшон чигуна сипарӣ мешавад.
Қаблан дар пайи лағв шудани дидори Ҳабиб бо Фергсон ва бозгаштан ба Русия сарусадоҳо зиёд шуданд. Ӯ дар ҷавоб гуфт, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус кӯшиш мекунад, ӯ наметавонад истисно бошад.
"Ҳабиб бошад, аз тамоми ӯҳдадориҳо озод аст, ки намоишкорона тамрин кунаду аз кишваре ба кишвари дигар парвоз анҷом диҳад? Барои муҳориба ҷонамро дар хатар монам?", - навишт вай дар саҳифааш дар Инстаграм.
Ҳабиб меафзояд, ки аз чунин ранг гирифтани қазия нигарон аст. Нақшаҳои ӯ низ дар пайи пандемия барбод рафтанд.
Қаҳрамони собиқи UFC дар ду бахш Конор Макгрегор бошад аз вазъи бемории пандемияи коронавирус дар Ирландия норозӣ аст.
Ба гуфти Конор агар вазъ чунин идома ёбад, то инқилоб дар кишвараш се ҳафта замон аст.
Ба гуфтаи Макгрегор, ҳукумати Ирландия бояд марзҳоро комилан бандад ва барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус сахт муқовимат кунад.
Бар асоси додаҳои ахир шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон аз 1 миллиону 600 ҳазор гузаштааст.
Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.
Падари Ҳабиб гуфт, дороии писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор шуд
Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд.
Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.