ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Қаҳрамони UFC размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар сабқати навбатии UFC 249 ширкат намекунад.
Дар ин бора, презединти UFC Дана Уайт дар саҳифааш дар Twitter изҳор доштааст.
#BREAKING: Dana White and Vladimir Putin have reached an agreement on travel arrangements for UFC Lightweight Champion Khabib Nurmagomedov to come to the United States. He will fight Tony Ferguson. It’s happening folks. #UFC249 will go on as scheduled April 18.
— Ariel Helwani (@arieIheIvani) April 5, 2020
Absolutely NOT true!!! The card is happening but @TeamKhabib is out. I will announce the entire card tomorrow.
— Dana White (@danawhite) April 6, 2020
"Сабқат доир мешавад, вале бе Ҳабиб Нурмуҳаммадов. Ман фардо исми варзишкоронро эълом мекунам", - навиштааст ӯ.
Ёдрас мешавем, ки Ҳабиб рӯзи 3 апрел гуфт бо Тонӣ Фергюсон ба шарте ба майдон мебарояд, ки аз Русия парвоз карда тавонад.
Ёдовар мешавем, ки рақобати миёни Тонӣ ва Ҳабиб ҳамакнун бори панҷум аст, ки лағв мешавад.
Рақобати Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Тонӣ Фергюсон бояд 18 апрел дар доираи UFC 249 дар Бруклин баргузор мешуд. Вале дар паи хуруҷуи коронавирус дар шаҳри Ню-Йорк баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ манъ карда шуданд.
Дар ин росто Ҳабиб ҳамроҳи тимаш Амрикоро тарк кард, чун тамрингоҳе, ки варзишкор дар он машқ мекард, баста шуд.
Дар баробари ин Ҳабиб гуфт, намедонад рақобат дар куҷо баргузор мешавад.
Вале, Дана Уайт гуфта буд, ба ҳамаи саргардониҳо нигоҳ накарда, сабқат баргузор мешавад.