Вазир: барои роҳандозии қарантинаи саросарӣ дар Тоҷикистон асосе нест

© Пресс-служба президента РТОлимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки асосе барои роҳандозии қарантинаи саросарӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд нест

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ахиран Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ бо нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” таъкид кардааст, ки барои эълони қарантина, бахусус қарантинаи саросарӣ асос лозим аст.

Интервью министра здравоохранения Таджикистана по поводу коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Олимзода аз чораҳои пешгирикунанда, вазъи табибон ва овозаҳои беасосос гуфт - навор

Вай афзуд, ки хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Аз  ин рӯ, ягон асоси воқеӣ барои эълон намудани қарантина дар кишвар айни замон вуҷуд надорад.

Ӯ гуфтааст, муҳити созгор барои давраҳои ҳаётии вирусҳо ин организмҳои зинда мебошанд ва дар чунин шароит онҳо ҳеҷ гоҳ худ ба худ ва бидуни таъсири омили беруна аз байн намераванд.

“Дар ҳақиқат, вирусҳо дар муҳити беруна (хона ва кӯча) дар ҳарорати зиёда аз 200 С қобилияти ҳаётии худро дар муддати 30 – 40 дақиқа гум мекунанд ва эҳтимолияти паҳншавии онҳо ба муҳит кам мешавад. Бояд гуфт, ки  табиати Тоҷикистон, ки гарму хушк мебошад, барои инкишофи вирусҳо мусоид нест”, - зикр намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ахиран Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода буд, ки аз 1 феврал то  8 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ 7 ҳазору 257 нафароне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба қарантина фаро гирифта шуданд.

Манбаъ қайд карда буд, ки то 8 апрели соли равон 5 ҳазору 243 нафари онҳо ба хонаҳояшон мураххас шуданд.

Ҳамчунин вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 2 ҳазору 14 нафари дигар зери қарантина  қарор доранд.

Инчунин манбаъ қайд кард, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0