Олимзода аз чораҳои пешгирикунанда, вазъи табибон ва овозаҳои беасосос гуфт - навор

Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода гуфт, ки тадобири шадиди ҳукумат баҳри ҷилавгирӣ аз маризии коронавирус босамар аст

Вазири тандурустӣ дар як мусоҳиба сабаби ворид нашудани коронавирус ба кишварро шарҳ дода гуфтааст: "Тамоми шаҳрвандоне, ки вориди кишвар шуданд, новобаста аз ҳарорати бадан, аломатҳои беморӣ доштан  ё надоштан, мо пурра онҳоро ба карантин фаро гирифтем".

Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шодихон Ҷамшед фарқияти коронавирус аз дигар бемориҳо ва роҳи пешгирии воҳимаро фаҳмонд

Номбурда гуфт, тибқи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ  карантин 14 рӯз пешбинӣ шудааст. Умуман, 20-25 фоиз онҳое, ки гирифтори коронавирус ҳастанд, аломат надоранд. Инро аломати бесимтомӣ мегӯянд. Аллакай метавонанд, ки ҳамчун сироятёфта ба дигарон сироят расонанд.

Ба гуфти вазири тандурустӣ, имрӯз дар Тоҷикистон озмоишгоҳи сатҳи баланди байналмилалӣ мавҷуд буда, ҳамчунин 8 нафар вирусологҳои кишварро барои дақиқ кардани коронавирус дар Маскав омӯзонидаанд.

"Мо  22 нафарро дар озмоишгоҳҳои худамон аз ташхис гузаронидем. Барои муқоиса лозим донистем, ки намунаи онҳоро ба шаҳри Лондон фиристем. Хушбахтона, дар шаҳри Лондон низ набудани коронавирус дар ин нафарон тасдиқи худро ёфт”,-афзудааст Насим Олимзода.

Олимзода ҳамчунин хабарҳои ахир дар бораи марги як нафар дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки гӯё  аз коронавирус ба  марг расидааст, бепоя хонда, гуфт: “Ин хабар асос надорад. Воқеан, ин нафар 10-12 рӯз пеш бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ шуда буд. Мо 30-юми март аз ин бемор ташхиси коронавирусро гирифтем, хушбахтона, он тасдиқи худро наёфт. Зимнан, ҳамасола 3000-3500 нафар дар Тоҷикистон аз бемории илтиҳоби шуш ё ба ибораи тиб пневмания ба ҳалокат мерасанд”.

Лентаи хабарҳо
0