ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ахиран ҳушдор дод, ки агар тарҳи ҳукумати фарогир пазируфта нашавад, фармони давлати ҳамашумулро содир хоҳад кард, иттилоъ ддодааст хабаргузории "Parstoday".
Бар асоси тарҳи Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои эҷоди давлати фарогир ду тими пештози интихобот бояд ҳукумати фарогир ташкил диҳанд ва як тим ба унвони раисҷумҳур ва тими дигар ба унвони нахуствазири иҷроӣ дар сохтори сиёсии ояндаи Афғонистон кор кунанд.
Тибқи ин тарҳе, ки дар расонаҳо Афғонистон мунташир шудааст, раисҷумҳур бояд 40 дарсад дар таъйини вузаро ва мақомоти маҳаллӣ саҳм дошта бошад, аммо нахуствазири иҷроӣ 60 дарсади ин салоҳиятҳоро дорад.
Ёдрас мешавем, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, қаблан дар пайи дархости ҷамъе аз бузургони сиёсии Афғонистон мӯҳлати музокира бо Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон барои расидан ба як тафоҳуми сиёсиро тамдид кард.
Фазлаҳмад Маънавӣ, аз аъзои аршади тими “Субот ва ҳамгароӣ” дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон таъкид кард, ки то кунун тавофуқ ва ё пешрафте дар гуфтугӯҳо бо Муҳаммад Ашрафғанӣ сурат нагирифта ва ду тараф бар мавозеи худ пофишорӣ доранд.
Вай афзуд, тақаллуб ва кудато маҳкум ба шикаст аст, қудрат ва эътибор аз они мардум мебошад ва инҳисор, такмеҳварӣ ва тамаркуз поён хоҳад ёфт.