Абдуллоҳ: Ашраф Ғанӣ дигар раисҷумҳур нест ва фармонҳои вай эътибор надоранд

© Фото : Dr. AbПремьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла
Премьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи пешин, ки худро раисҷумҳури ҳамашумули Афғонистон мехонад, гуфт, Ашраф Ғанӣ дигар раисҷумҳур нест ва фармонҳояш эътибор надоранд

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки пас аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ худро раиси давлати ҳамашумули  Афғонистон эълон кард, гуфт, пас аз маросими таҳлиф давраи кори ҳукумати Ваҳдати миллӣ поён ёфтааст ва ӯ ба зудӣ дар бораи муаррифии “раиси иҷроияи давлати ҳамашумул” фармон содир хоҳад кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Президент Афганистана Ашраф Гани (слева) и исполнительный директор Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон
Ашраф Ғанӣ мансаби раиси иҷроияро барҳам дод

Дар як эъломия, ки ахиран ба чоп расидааст, омадааст, "Ашраф Ғанӣ дигар раисҷумҳур нест ва фармонҳои вай дар Афғонистон эътибор надоранд".

Дар ин эъломия аз кормандони низомӣ ва ғайринизомии раёсати иҷроияи пешин хоста шудааст, ки ба вазоиф ва масъулиятҳои рӯзмараашон идома диҳанд.  

Ахиран дар Афғонистон ду президент маросими таҳлиф ё савгандёдкунӣ баргузор намуда, ҳар яке худро президент эълон кард.

Ашраф Ғанӣ дар қасри президент қасам ёд кард ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, шикасташро дар интихобот эътироф накарда, ин маросимро дар қасри раиси иҷроия баргузор намуд. 

Интихоботи президентӣ дар Афғонистон 28 сентябри соли гузашта баргузор шуд. Бино бар натиҷаҳои ниҳоӣ, бештари овозҳо - 50,64 дарсадро Ашраф 

Ғанӣ ба даст овард.

Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон
Як давлат ду президент: дар Афғонистон Ғанӣ ва Абдуллоҳ ҷудогона савганд ёд хоҳанд кард

Абдуллоҳ Абдуллоҳ 39,52 дарсади ороро соҳиб шуд ва мақоми дувумро ба даст овард. Вай натиҷаҳои интихоботро напазируфта, талаб намуд, ки овозҳо бозшуморӣ шаванд.

Аммо баъди бозшумории овозҳо низ натиҷаҳо Абдуллоҳро қонеъ накарданд ва ӯ  пирӯзии худро дар интихобот эълон намуд.

Лентаи хабарҳо
0