ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ин вирус метавонад дар ниқобҳои тиббӣ то ҳафт рӯз зиндагӣ кунад, менависад The Lancet.
Ба иттилои манбаъ, олимони Мактаби тандурустии ҷамъиятӣ назди Донишгоҳи Ҳонконг умри вируси мазкурро дар сатҳ ва ҳароратҳои гуногун таҳқиқ кардаанд.
Мубтало шудани 2 пизишк ва 10 ҳамшира ба коронавирус дар Алма - Ато
Барои таҷриба вирусро дар ҳарорати то 22 дараҷа гармӣ ва намӣ 65 дарсадӣ ба сатҳҳои гуногун озмоиш доданд. Маълум гардид, ки вирус бо дастмолҳои коғазӣ ва рӯймоли муқаррарӣ пас аз се соат нопадид мешавад. Ин вирус қобилияти то ду рӯз дар ҳезум ва матоъҳои коркардшуда зинда монданро дорад. Ҳамчунин дар рӯйи шиша то чор рӯз ва дар ашёҳои плостикӣ ва пӯлоди зангногир то 7 рӯз зинда мемонад.
Гузашта аз ин, вирус то як ҳафта дар сатҳи берунии ниқоби тиббӣ наҷот меёбад, аз ин рӯ, бо истифода аз ниқобҳо, ба онҳо даст нарасондан хеле муҳим аст ва агар ин рӯй диҳад, дастҳо бояд пурра шуста шаванд ва бо маводҳои антисептикӣ пок шаванд.
Ситоди вазорат аз омодагии муассисаҳо ба эҳтимолияти хуруҷи коронавирус гуфт
Зимнан, олимон муайян намуданд, ки дар ҳарорати то 4 дараҷа гармӣ вирус метавонад давоми ду ҳафта зинда монад. Аммо агар ҳарорат то 70 дараҷа гарм шавад, он дар муддати панҷ дақиқа мемирад, дар +37 он ду рӯз, дар +56 - то 30 дақиқа нобуд мешавад.
Қобили зикр аст, теъдоди беморони сироятии коронавирус дар ҷаҳон зиёда аз 1,6 миллион нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти охирин, дар ҷаҳон 95 699 нафар қурбонии сирояти коронавирус шудаанд. Шумораи наҷотёфтагон ба 355 ҳазор мерасад.