Фавти 106 гирифтори коронавирус дар Русия: беш аз 13 ҳазор нафар дардманди ин маризиянд

© Sputnik / Алехандро Мартинез Велез / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник доставляет пациента на каталке, архивное фото
Медицинский работник доставляет пациента на каталке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 12 маризи дигар ба ҳалокат расиданд. Ҳамакнун теъдоди қурбониёни ин маризӣ ба 106 нафар расид

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik.  Теъдоди умумии дардмандони коронавирус дар Русия ба 13 584 нафар баробар аст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ оиди ин беморӣ.

Тест на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Як шабонарӯз: фавти 13 дардманд ва сироят шудани 1459 нафар ба коронавирус дар Русия

Ба иттилои манбаъ. танҳо шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Русия ҳудуди 1667 нафар ба коронавирус гирифтор шуданд.

Сирояти ин теъдоди дардмандон дар 49 манотиқи Русия сабт гардид.

Зикр мегардад, ки то 11 - уми апрели соли ҷорӣ, теъдоди гирифторони коронавиус дар Русия ба 13 584 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта 12 мариз ба ҳалокат расиданд ва акнун теъдоди қурбониёни коронавирус дар Русия ба 106 нафар баробар шуд.

Паҳншавии босуръати коронавирус дар Русия: 1154 нафар дар як шабонарӯз сироят шуданд

Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари Оҷонси федералии биотиббӣ Вероника Сквортсова гуфта буд, ки авҷи ин маризӣ дар Русия тобистон хоҳад омад.

Мамлакат то даҳаи аввал ё нимаи моҳи июн ба баландтарин авҷи худ расида, пас аз ин давра, эпидемия муддате идома хоҳад ёфт ва сипас рӯ ба коҳиш мениҳад.

Лентаи хабарҳо
0