Раиси ВМКБ ва вазири фарҳанг нахустнамоиши "Вирод" - ро тамошо карданд

Обуна шудан
Намоишнома мӯҳтавои ахлоқӣ дошта, воқеъоту ҳодисоти нохуши даҳаи охири қарни қаблӣ дар Тоҷикистонро фаро мегирад, ки барои насли имрўз ҳамчун як руйдоди таҷрибаомуз ба қалам дода шудааст

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ нахустнамоиши пйесаи "Вирод", ки саркоргардони театр Умед Хисравов аз рўи асари Мансури Суруш "Вирод" таҳия кардааст, манзури мухлисони санъати театрӣ гардонида шуд. 

Барои бори аввал дар саҳнаи Маскав ҳунармандони Театри шаҳри Хоруғ баромад карданд - Sputnik Тоҷикистон
“Даври Орифин”: баромади ҳунармандони театри Хоруғ дар Маскав

Бино ба гузориши Вазорати фарщанг, дар толори тамошо дар радифи ҳаводорони санъату ҳунар вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов низ ҳузур доштаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, намоишнома мӯҳтавои ахлоқӣ дошта, воқеъоту ҳодисоти нохуши даҳаи охири қарни қаблӣ дар Тоҷикистонро фаро мегирад, ки барои насли имрўз ҳамчун як руйдоди таҷрибаомуз ба қалам дода шудааст.

"Оташи ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон аланга зада, ободиҳои зиёдро ба коми худ кашида буд, вале мардуми тоҷик аз он сабақ бардошта, минбаъд барои мустаҳкамтар бастани риштаи дӯстиву бародариву ваҳдат камари ҳиммат бастанд, то он дар оянда ҳеҷ гоҳ гусаста нагардад", - омадааст дар хабарнома.

"Вирод" калимаи шуғнонӣ буда, маънои он бародар аст.

Дар намоишнома лаҳзаи дар охирин нафаси бародараш хун ҷустани нафаре хеле олӣ инъикос меёбад, ки мехост бо рехтани хуни тоза ба шарёни бародараш ҳаёти ӯро наҷот диҳад. Мусофире,ки аз он кас хунашро дареғ надошт, марди бадахшонӣ буд ва дар ивази сипосгузориии хешовандони мариз мегӯяд: "Ҳамаи мо вирод" ҳастем.

Агарчӣ мариз ҷон ба ҷонофарин таслим намуда бошад хам, лекин бародариву вироддорӣ окибат ғалаба намуд.

Манбаъ афзуда, ки намоишнома аз тарафи тамошобинон бо мавфи кафкӯбиҳо хуб пазируфта шуда, ба ҳунармандоне,ки нақшҳоро бозӣ карданд баҳои баланд дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0