“Даври Орифин”: баромади ҳунармандони театри Хоруғ дар Маскав

Обуна шудан
Дар пойтахти Русия бахшида ба 80-солагии пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Бори аввал дар саҳнаи толори консертии "Россия" дар Маскав Театри драммавии шаҳри Хоруғ бо намоишномаи "Даври Орифин" баромад кард.

Намоишномаи "Даври Орифин" аз шеърҳои  Ҷаллолиддини Румӣ ва суруду рақсҳои анъанавии мардуми Бадахшон  таркиб ёфтааст. Коргардони намоишномаи ахлоқӣ Умед Хисравов мебошад.

Консерти бошукӯҳ бахшида ба 80-солагии Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

Ҳамчунин дар консерт кӯдакон, ҷавонон ва овозхонони машҳури Тоҷикистон: Ақназар Аловатов, Мадина Ақназарова, Гурӯҳи "Шамс", Мутриб Шоискандаров, гурӯҳи "Зафар", ансамбли рақсии "Нур", Самандар Пулодов ва Далер Назаров баромад карданд.

"Ҳамаи ҳунармандон махсусан барои иштирок дар консерт аз Тоҷикистон ба Маскав омаданд",-гуфт барандаи консерт ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятии "Нур" Аслишо Акимбеков.

Барномаи ҳунарӣ бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Нур"  ва ризокорони ҷамоати Маскав омода шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0