Як рӯз кор кард: кушта шудани фармондеҳи марзбонӣ дар Нусай

© AP / Allauddin KhanЧлены террористического движения "Талибан" в Афганистане
Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Толибон фармондеҳи нерӯҳои марзбонии вулусволии Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистонро ба шаҳодат расонданд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Абдуғаффори Гардиш, муовини вулусволи Нусай, ба Sputnik Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, Ҳокимбек, фармондеҳи марзбонии вулусволӣ, ки тоза таъин шуда буд, аз сӯи Толибон кушта шуд.

Боевики Талибан в провинции Нангархар на востоке Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Афғонистон теъдоди ғайринизомиёни кушташуда дар 1 соли охирро эълон карданд

“Худо раҳматаш кунад, як рӯзи қабл муаррифӣ шуд ва фардои он ба шаҳодат расид. Муовини ӯ Қуддусхон, ки аз Нусай аст, ҳоло дар ҳолати кома аст. Се сарбози дигар низ захмӣ шуданд”, - гуфт Абдуғаффори Гардиш.

Ба қавли ӯ, Толибон ҳаволии соати 2.30 –и баъд аз зуҳри 8 апрел ба бинои фармондеҳии марзбонии Нусай 11 тӯпи ҳовон (миномёт) партоб карда, ҳавлиҳои атрофро низ тахриб карданд.

Ҳокимбек ҳудуди 60 сол дошта, дар замонаҳои ҷиҳоду муқовимат яке аз фармондеҳони Ҷамъияти исломӣ, танзими ҷиҳодии умдатан тоҷикони Афғонистон дар зодгоҳаш вулусволии Моймай буд.

Дар гузашта дар вулусволиҳои Ишкошим ва Моймайи Бадахшон низ фармондеҳи марзбонӣ будааст.

Рӯзи 7 апрел минҳайси фармондеҳи марзбонии Нусай муаррифӣ шудааст. 8 апрел дар пайи рокетборони Толибон як чарра ё пораи оҳан дуруст ба қалбаш асобат кардааст.

Толибон дар Афғонистон нерумандтар мешаванд: оё онҳо ба Тоҷикистон мераванд

Муовини вулусволи Нусай мегӯяд, Ҳокимбек аз сӯи гуруҳи Ҷумъа Талбон, фармондеҳи толибони Нусай, ки аз Қорӣ Фасеҳуддин, фармондеҳи кулли Толибон дар Бадахшон итоат мекунад, кушта шудааст.

“Теъдоди ин гуруҳ то як моҳи пеш 50 – 60 нафар буд, ҳоло аз 150 нафар зиёд шудааст. Як теъдод мардуми худи Нусай ва ҳамчунин вулусволии Моймай ба онҳо пайвастаанд”, - гуфт Абдуғаффори Гардиш.

Лентаи хабарҳо
0