Мақомоти Афғонистон теъдоди ғайринизомиёни кушташуда дар 1 соли охирро эълон карданд

© AP / Rahmat GalБоевики "Талибан" в провинции Нангархар на востоке Афганистана
Боевики Талибан в провинции Нангархар на востоке Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Афғонистон шумори талафоти ғайринизомиёни ин кишвар тайи як соли охир, дар соли 1398 ҳиҷрии шамсиро 5600 нафар эълом карданд

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, бештари ин талафот ношӣ аз ҳамалоти гурӯҳи террористии "Толибон" дар Кобул, пойтахти Афғонистон будааст, хабар дод Парстудей.

Военнослужащие США в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: Амрико ба хуруҷи низомиёнаш аз хоки Афғонистон оғоз бахшид

Дафтари маъмурияти Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ҳам дар гузорише эълом кард, гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба танҳоӣ масъули 71 дарсад аз ин ҳамалот будааст.

Дар ин гузориш омадааст, дар 10 соли гузашта, дастикам 100 000 ғайринизомӣ бар асари ҳамалоти террористӣ ва даргириҳо дар Афғонистон кушта ва захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки алорағми тавофуқномаи сулҳи ИМА ва "Толибон" дар Доҳаи Қатар, ҳанӯз ҳам оташи ҷанг дар Афғонистон доғ аст.

Маврид ба зикр аст, ки созишномаи сулҳро ҷангиёни ҳаракати Толибон бо ҳукумати Амрико рӯзи 29 - уми феврал ба имзо расонданд. Тибқи ин санад, 13 ҳазор низомии Амрико ва НАТО бояд давоми 14 моҳ хоки Афғонистонро тарк кунанд.

Бар ивази ин, Толибон ваъда доданд, ки аз ҳамалоти худ дар кишварашон даст мекашанд.

Лентаи хабарҳо
0