Ҷанҷол барои собун бо занозании як ба як ва марг дар кӯчаи Айнӣ анҷомид-видео

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навори ҷанҷоли ду мошиншӯй, ки баъдан ба занозании як ба як печидаасту боиси марги яке аз онҳо шуд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. ВУД бо нашри як гузориши видеоӣ дар марги Диловаршо Шомиров, сокини 27 – солаи  Душанбе, ҳамкораш Абдулмумин Халилови 31-сола, сокини ноҳияи Рӯдакиро муттаҳам донист.

Полицейский сине-красный маячок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Латукӯб барои 208 сомонӣ аз сӯи ҳамкор": наздикони Шомиров дар бораи марги ӯ - акс

Мақомоти умури дохилӣ навори ҷанҷоли ҳамкоронро дар ҷои кор нишон дода, шарҳи Халиловро овардаанд. Ҷавони муттаҳамон дар шарҳи ҷанҷол бо Шомиров гуфтааст, ки “омадум гуфтам, собун дар куҷоай, ки вай хест, гуфт бирав аз магазин бихар”.

Гумонбар дар куштори сокини 27 - солаи Душанбе боздошт шуд - акс

Манӣаъ афзуд, ки дар пайи хусумати доштаашон шоми 22 март миёни ин ду ҳамкор занозанӣ рух додааст. Халилов дар навор мегӯяд, ин занозании як ба як бо даъвати Шомиров рух дода, нахустин зарбаро низ марҳум задааст. Ба гузориши мақомот, Шомиров бо як зарбаи Халилов ба ҳалокат расидааст.

Қаблан раёсати умури дохилии Душанбе марги Шомировро, ки акси ҷасадаш чанд рӯз дар шабакаҳои интернетӣ мечархид, табиӣ унвон карда, дар пайи таҳқиқи иловагӣ изҳор дошт, ки он дар пайи занозанӣ бо ҳамкораш рух додааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан алайҳи Халилов бо иттиҳоми расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ бо марг анҷомидааст, парванда оғоз карда, тафтиш идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0