Шоҳиён ва Ҳошимзода ба сокинони Бӯстон барои пешгирӣ аз коронавирус чӣ тавсия доданд?

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПассажиры в медицинских масках у входа в железнодорожный вокзал
Пассажиры в медицинских масках у входа в железнодорожный вокзал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо аҳли ҷамоати шаҳр мулоқот баргузор карданд

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд зимни мулоқот роҳбари шаҳр аз пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, аз қабили коронавирус ва  саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ибрози назар намуд.

“Имрӯз сирояти коронавирус кулли мардуми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Хушбахтона, дар кишвари мо ин бемории сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки баҳри пешгирии ин вируси марговар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ба тавсияи табибон ва қоидаҳои аввалини тиббию санитарӣ риоя намоем”,-таъкид дошт Раъно Ҳошимзода.

Ҳамчунин, сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Умедҷон Абдуллоев вобаста ба ҳолати омодабоши муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон барои мубориза бо коронавирус ибрози назар кард.

Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Хабари тозаи Вазорати тандурустӣ дар бораи набуди коронавирус дар Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён сокинонро ба пешгирии ҳама гуна ҳангомаву бӯҳтон ва хабарҳои беасос даъват намуда,  хоҳиш кард, ки ба ҷои ин дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоранд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар фарҷоми мулоқот раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба хотири тақвияти корҳои тарғиботиву равшаннамоӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва пешгирии баландравии беасоси молу маҳсулот ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар шаҳри Бӯстон тибқи амри раиси шаҳр ситоди доимоамалкунанда вобаста ба пешгирии сирояти намуди нави коронавирус ташкил карда шуда, дар заминаи он нақшаи чорабиниҳои пешгирикунанда таҳия гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0