Боздошти марде, ки ба гардани бародараш корд зад

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Ӯ пештар ҳам суд шуда будааст

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марде хабар медиҳад, ки бародари худашро корд задааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 7-уми апрели соли 2020, тахминан соатҳои 21:20-дақиқа, марди 42-солаи сокини ноҳияи Истаравшан,  дар манзили истиқоматиашон бо бародараш марди 41-сола, машрубот истеъмол намудааст.

Фельдшер станции скорой медицинской помощи  - Sputnik Тоҷикистон
Даъват намуда, кушт: хонандаи синфи 11 дар Хуҷанд ҳамсолашро корд зад
Сипас бо бародараш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба тарафи рости гарданаш зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. 

Гуфта мешавад, гумонбаршаванда пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Боздошти 12 нафар дар Душанбе зимни амалиёти "корд": бо худ ниқобу дубинкаву корд доштанд

"Дар натиҷа, бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0